Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чорсада 14 кас кушта шуд


Инфиҷори эҳтимолан маргталабонаи бомб дар вилояти Шимолу Ғарби Покистон 14 нафарро кушта ва беш аз 20 тани дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Сухангӯи вазорати дохилаи Покистон гуфт, таркиш дар шаҳри Чорсада дар ҷараёни раҳпаймоии пешазинтихобии ҳизби миллии Авом, як гурӯҳи дунявии паштуҳо рух додааст.

Афросиёби Хаттак, раҳбари бахши вилоятии ҳизб гуфтааст, ҷангиёни исломӣ ҳама аҳзоби сиёсӣ дар манотиқи шимолу ғарбро дар пешорӯи интихоботи парлумонии 18 феврал таҳти таҳдид қарор додаанд.

Интихоботи парлумонии Покистон, қарор буд, дар авоили моҳи январ баргузор шавад. Вале ба дунболи қатли Беназир Бҳутто, раҳбари як ташаккули умдаи мухолифини давлати президент Парвиз Мушарраф, ин маърака ба 18 феврал гузошта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG