Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ 5 сарбози дигари Амрико кушта шудаанд


Мақомҳои низомии Амрико дар бораи ҳалокати боз 5 сарбози амрикоӣ дар Ироқ хабар доданд. 4 сарбоз рӯзи ҷумъа дар асари таркиши бомби рӯироҳӣ дар шимолу ғарби Бағдод кушта шудаанд. Сарбози панҷум низ дар натиҷаи таркиш дар вилояти Тамим дар шимоли Ироқ ба ҳалокат расидааст.

Тайи инак тақрибан 5 соли ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Ироқ, яъне аз моҳи марти соли 2003 ба ин тараф, дар ин кишвар дасти кам 3 957 сарбози амрикоӣ ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG