Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Тадич: Истиқлоли Косово низоъ хоҳад овард


Борис Тадич, раисҷумҳури Сербия
Борис Тадич, раисҷумҳури Сербия

Раисҷумҳури Сербия Борис Тадич дар анҷумани амниятии Мюних дар Олмон гуфт, кишвари ӯ истиқлолияти Косоворо эътироф нахоҳад кард.

Антуан Луа

Тадич хостори азсаргирии музокирот перомуни сарнавишти Косово шуд. Раҳбари Сербия аз авоқиби эътирофи истиқлолияти Косово ҳушдор дод ва гуфт, агар ҷомеаи байнулмилалӣ истиқлолияти Косоворо эътироф кунад, ин амал метавонад боиси аз нав оташ гирифтани низоъҳои феълан мунҷамидшуда ва ҳатто рӯ задани як силсила низоъҳои нав дар ҷаҳон шавад.

Борис Тадич Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро аз пуштибонӣ аз истиқлолияти Косово ҳушдор дод. Вай гуфт, «мо бояд дар мавриди буридани кунҷҳо хеле боэҳтиёт бошем. Манзурам ин аст, ки мо бояд мувозеҳи хатароти ношӣ аз чунин иқдомҳо бошем ва авлавиятҳои стротежиеро, ки ҳамагон мепазирем, ҷиддӣ бигирем».

Ин изҳороти раҳбари Сербия дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба хабарҳо, раҳбарони албанитабори Косово тасмим гирифтаанд, истиқлолияти ин вилояти ҷудоиталаби дар гузашта тобеъи Сербияро дар таърихи 17 ва 18 феврал эълон кунанд. Рӯзи панҷшанбе Ҳошим Тоҷӣ, сарвазири Косово дар пойтахти ин вилоят, шаҳри Приштина дигарбора гуфт, ки Косово ба эълони истиқлолияташ омода шудааст:

Амрико ва бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки аз истиқлолияти Косово ҳимоят хоҳанд кард. Раисҷумҳури Сербия Борис Тадич онҳоро аз пайомадҳои чунин ҳимоят ҳушдор дод, вале гуфт, ӯ ҷонибдори ҷудоии кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо нест, балки баръакс аз барномаҳои ин созмон ҷиҳати густариши ҳузураш дар Балкан, аз ҷумла дар Косово истиқбол мекунад. Албатта, ба истиснои барномаи шинохти истиқлолияти он вилоят.

Интизор меравад, ки нишасти вазирони хориҷаи ин созмон дар таърихи 18 феврал дар мавриди эъзоми як нирӯи 1800-нафарӣ ба Косово тасмим бигирад. Ин дар ҳолест, ки равобити Сербия бо Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли наздик ба фурӯпошӣ қарор дорад. Сарвазири Сербия Воислав Коштунитса рӯзи 7 феврал аз имзои паймони ҳамкорӣ бо ИА худдорӣ варзид ва гуфт, ин ҳамкорӣ ба қимати истиқлолияти Косово тамом мешавад.

Сафири Русия дар ИА Владимир Чижов низ мавзӯъи Косоворо як мояи дарди сар дар равобити Маскав бюо ин созмон номидааст. Русия, қарори маълум, ба эълони истиқлолияти Косово шадидан мухолиф аст ва монеъи ахзи тавофуқ дар ин масъала дар СММ шуда буд.

XS
SM
MD
LG