Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба сохтани нирӯгоҳи дуввуми ҳастаӣ шурӯъ кард


Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС аз қавли Ғуломризо Ансорӣ, сафири Эрон дар Маскав навиштааст, ки Эрон ба бунёди нирӯгоҳи дуввуми ҳастаияш шурӯъ кардааст. Ғуломризо Ансорӣ гуфтааст, ин нирӯгоҳ дар минтақаи Дорхувайн, дар устони ҷанубу ғарбии Хузистон бино хоҳад шуд ва Эронро акнун лозим аст, дар мавриди таъмини ин нирӯгоҳ бо маводи сӯхт низ фикр кунад.

Амрико гуфтааст, Эрон ба сурати умум ба бунёди нирӯгоҳҳои ҳастаӣ ниёз надорад. Муовини вазири хориҷаи Амрико Николас Бёрнс ҳамчунин озмоиши мушакии рӯзи душанбеи гузашта анҷомдодаи Эрон ва хабарҳои ин ҳафта нашршуда дар бораи ба озмоиши сентрифугаҳои навин шурӯъ кардани он кишварро “хеле нигаронкунанда” номидааст.

XS
SM
MD
LG