Пайвандҳои дастрасӣ

Сармо дар Афғонистон беш аз 750 нафарро куштааст


Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки сармоҳои шадиди имсола мунҷар ба марги беш аз 750 нафар дар манотиқи мухталифи ин кишвар шудааст.

Нур Подшоҳ Кӯҳистонӣ, намояндаи кумиссиюни ҳолоти изтирории Афғонистон гуфтааст, дар асари сармо беш аз 200 000 чорво низ дар кишвар ҳалок шудаанд. Сармо ва барфрезиҳои шадид дар Афғонистон боиси баста шудани шоҳроҳҳое муҳим ва ба ҳамин иллат қатъ шудани таъмини ба хусус навоҳии дурдаст ва душворгузари кӯҳистонӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия гардид.

XS
SM
MD
LG