Пайвандҳои дастрасӣ

Дар замони Толибон дар Афғонистон мактаб хондани духтарон як чизи тасаввурнопазир ва ғайри қобили иҷро ба назар меомад.

Аммо имрӯз ин амр, яъне мактаб рафтани духтарон, дар бисёре аз манотиқи Афғонистон як амри оддӣ шудааст. Нафиса Ғиёсӣ, раҳбари як мактаби духтарона дар вилояти Балх, мегӯяд, феълан танҳо дар ин як мактаб беш аз 4 000 духтар таҳсил мекунад.

Куллия гузоришҳои дар ин авохир нашршудаи байнулмилалӣ дар бораи дар банди фақру нодорӣ ва бекориву ноамнӣ ба сар бурдани миллионҳо мардуми афғонистонӣ бонги изтироб мезананд. Ин гузоришҳо ҳатто мегӯянд, Афғонистон бо хатари табдил шудан ба як давлати ноком рӯбарӯ мебошад. Ва аммо бисёре аз сокинони оддии Афғонистон, аз ҷумла Нафиса Ғиёсӣ, бар ин назаранд, ки бо сохта шудани роҳҳову мактабҳои нав, ҷорӣ шудани низоми беҳтари арзаи хадамоти тиббӣ ва вуруди фанновариҳои навин рӯзгори онҳо ба таври қобили мулоҳиза беҳтар шудааст.

Соли гузашта аммо барои Афғонистон соли чандон соддаву осоне набуд. Афзоиши ҳаракатҳои чирикӣ мунҷар ба баста шудани дасти кам 300 мактаб гардид. Ҷангиён ҳудуди 80 корманди маориф, асосан омӯзгоронро куштанд. Тақрибан 140 мактаб ва асосан дар вилоёти ҷануб ва шарқи Афғонистон - саҳнаҳои аслии рӯёрӯии давлат ва чирикиён – ба коми оташ рафтанд. Вале бо ин вуҷуд, бино бар арқом ва омори расмӣ, беш аз 6 миллион кӯдаки афғон, аз ҷумла духтарон, ки мактаб рафтани онҳо қаблан манъ буд, акнун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни пешрафтро метавон дар риштаи матбуот низ дар Афғонистон мушоҳида кард. Ҳалим Фидоӣ, хабарнигори афғонистонӣ, ки раҳбарии Иттиҳодияи матбуоти озоди Осиёи Ҷанубиро бар ӯҳда дорад, бо ёдоварӣ аз даврони Толибон, ки матбуоти мустақил вуҷуд надошт, озодии матбуотро акнун аз бузургтарин дастовардҳои Афғонистон дар 6 соли гузашта медонад.

Аммо ӯ иқрор мекунад, ки ҷиҳати расидан ба як озодии ростини матбуот Афғонистонро ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст. Хабарнигорони афғон то ҳол бо хатари фишору таъқиб аз сӯи шахсиятҳои қудратманд, аз ҷумла ҷангсолорону мансабдорони давлатӣ ва ҳамин тавр, рӯҳониёни пурнуфуз рӯбарӯ буда, ин аст, ки дар мавриди дар бисёри маворид ба худсонсурӣ роҳ медиҳанд. Дар ҳамин моҳи январ Саид Парвизи Комбахш, як донишҷӯ ва хабарнигори ҷавони афғон дар Балх бо ҷурми тавҳин ба Ислом маҳкум ба эъдом шуд.

Бино бар омори расмӣ, аз поёни соли 2001 ба ин сӯ, дар Афғонистон дасти кам 3 000 километр шоҳроҳҳо бозсозӣ шуда, мақомоти ҳифзи сиҳҳат мегӯянд, акнун 80 дарсади мардум ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ доранд. Кумиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, тайи 6 соли ахир беш аз 5 миллион паноҳандаи афғон аз Покистону Эрон ба ватан баргаштаанд. Ин ниҳод ба дасти кам 1 миллион нафар аз паноҳҷӯёни баргашта кӯмак расондааст, ки барои худ дар ватан дубора манзил бисозанд. Вале миллионҳо тан аз паноҳандагони дигари афғон ҳамчунин бе хонаву дар, бе ҷойи кор ва хориҷ аз таҳсил бар ҷой мондаанд.

Масалан, Муҳаммад Иброҳим. Ин марди 40-сола бо 10 нафар узви хонаводааш дар як контейнери оҳанин дар наздикии фурудгоҳи Кобул ба сар мебарад. Дар ин минтақа дар ҳамин гуна як шароити сангин боз садҳо хонаводаи дигари бекору бехона зиндагӣ доштаанд. Духтари навраси Муҳаммад Иброҳим мегӯяд, ин ҳама сардии шадид ва адами манзилу ғизо ва либоси дуруст зиндагиро барои онҳо тоқатфарсо кардааст.

Бо ин ҳол, идомаи муқовимати Толибон, ки дар вилоёти Ҳилманду Урузгон ва Қандаҳор маҳсустар ба назар мерасад, даҳҳо ҳазор тани дигарро маҷбур ба тарки хонаву дар ва фирор аз макони зисти доимиашон мекунад. Ҳюман Райтс Вотч, як созмони дидбони ҳуқуқи башар, мақараш дар Ню-Йорк гузориш дода, ки тайи як соли гузашта дар ҷараёни даргириҳо байни нирӯҳои давлативу байналмилалӣ ва ҷангиёни Толибон дар вилоёти ҷангзадаи Афғонистон дасти кам 300 нафари ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Ахиран чанд маркази мӯътабари мутолиъоти байналмилалӣ, аз ҷумла Маркази амрикоии мутолиъоти раёсатҷумҳурӣ ва маркази бритониёии Оксфам дар бораи вуҷуди аломатҳои ба як давлати ноком табдил ёфтани Афғонистон ҳушдор доданд. Созмони амрикоӣ дар ин росто афзоиши бештари нирӯҳои байналмилалӣ ва кӯмаки бештари низомӣ ба Афғонистонро тавсия додааст. Аммо гурӯҳи Оксфам дар ин амр тавсиъаи барномаҳои рушди Афғонистонро назар ба дахолати низомӣ муассиртар хондааст.

XS
SM
MD
LG