Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани Мюних ба кор оғоз кард


Имрӯз, 9 феврал дар Мюнихи Олмон анҷумани сиёсатҳои амниятӣ, бузургтарин ҳамоиши мақомоти баландпояи риштаҳои дифоъ ва амнияти ҷаҳон, бо суханронии ифтитоҳии Раҷаб Таййиб Эрдуғон, сарвазири Туркия расман ба кор оғоз кард. Оқои Эрдуғон гуфт, Анкара муборизааш алайҳи чирикиҳои курд дар шимоли Ироқро то расидан ба пирӯзӣ идома хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич қаблан дар ҳамин анҷуман дар бораи пайомадҳои эътирофи истиқлолияти Косово ҳушдор дод ва гуфт, агар ҷомиаи байналмилалӣ истиқлолияти Косоворо эътироф кунад, ин амал метавонад боиси аз нав оташ гирифтани низоъҳои феълан мунҷамидшуда ва ҳатто рӯ задани як силсила низоъҳои нав дар ҷаҳон шавад. Борис Тадич афзуд:

“Мо бояд дар мавриди буридани кунҷҳо хеле боэҳтиёт бошем. Манзурам ин аст, ки мо бояд мувозеҳи хатароти ношӣ аз чунин иқдомҳо бошем ва авлавиятҳои стротежиеро, ки ҳамагон мепазирем, ҷиддӣ бигирем.”

Раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич дар Мюних ҳамчунин гуфт, Сербия истиқлолияти Косоворо намепазирад.

Соли гузашта раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар анҷумани Мюних Ғарбро дар талоши оғози ҷанги нави сард муттаҳам карда буд. Путин имсол дар Мюних ҳузур надорад. Вале қарор аст, Роберт Гейтс ва Сергей Иванов, вузарои дифоъи Амрикову Русия рӯзи якшанбе дар ин ҳамоиш ҳар кадом алоҳида суханронӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG