Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон ба Тоҷикистон бистари гарм мефиристад


Давлати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 100 000 доллар бистарҳои гарми пашмӣ бифиристад. Дар сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бӯҳрони пешомадаи энержӣ дар ин кишварро далелии асосии ин кӯмаки Токио ба Душанбе ном бурдаанд.

Ахиран созмони байналмилалии Наҷоти кӯдакон хабар дод, ки мехоҳад ба 10 000 кӯдак дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон кӯмак бирасонад. Созмони Кэйр Интенешнал ҳамин тавр аз омодагиаш барои кӯмак ба 12 000 хонандаи мактаб ва 4 000 зани ҳомила дарак дода, гуфтааст, ҳамчунин тасмим гирифтааст, 6 000 нафар мардуми сахт ниёзманд дар Тоҷикистон аз ҷумлаи тифлон ва пиронсолонро низ бо бистари гарм ва бухорӣ таъмин кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG