Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон рафт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе, 9 феврал барои анҷоми як сафари дурӯзаи расмӣ ба Эрон рафт.

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод иҷрои созишномаҳои имзошуда байни Эрону Тоҷикистон, аз ҷумла мавзӯъи анҷоми пеш аз мӯҳлати сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯдаро баррасӣ кунад.

Иҷрои барномаи сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда бар пояи 220 миллион доллар сармоягузорӣ, ки 180 миллионашро ҷониби Эрон бар ӯҳда гирифтааст, ҳанӯз соли 2006 оғоз ёфта буд. Бо дарназардошти бӯҳрони шадиди энержӣ, ки Тоҷикистонро фаро гирифтааст, Эмомалӣ Раҳмон акнун мехоҳад роҷеъ ба анҷоми пеш аз мӯҳлати сохтмони ин нирӯгоҳ аз ҷониби Эрон итминони хотир бигирад.

XS
SM
MD
LG