Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирон ба сабқати воқеъӣ шубҳа доранд


Нозирони Маҷмааи порлумонии Шӯрои Аврупо - ягона гурӯҳи нозирони ғарбӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба сабқати воқеъӣ дар ин маъракаи сиёсӣ шубҳа доранд. Андреас Гросс, раиси гурӯҳи нозирони Маҷмаа гуфт, интихоботеро, ки дар он ҳамаи номзадҳо шароити баробар надоранд, наметавон чун сабқат арзёбӣ кард.

Дирӯз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар – ниҳоди назорати интихоботи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз назорати интихоботи раиси ҷумҳури Русия сарпечӣ кард, зеро, ба гуфтаи масъулини ин Дафтар, мақомоти Русия барои нозирон монеъаҳое эҷод кардаанд, ки барои назорати комили ин маъракаи сиёсӣ имкон намедиҳад.Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи 2 март доир мешавад.

XS
SM
MD
LG