Пайвандҳои дастрасӣ

Харобкориҳои тундбод дар Амрико


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида имрӯз аз аёлати Теннесӣ, ки аз тундбод ё торнадо зиёни бузург кашидааст, дидан мекунад. Бар асари ин офати табиӣ дар чаҳор аёлат 60 нафар ба ҳалокат расидаанд ва теъдоди қурбониён дар Теннесӣ аз ҳама бештар – зиёда аз 30 нафар аст. Дар ин аёлат ҳамчунин биноҳои зиёде комилан тахриб шудаанд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, тундбод ба Теннесӣ ба маблағи даҳҳо миллион доллар зиён расонидааст. Тундбод ҳамчунин дар аёлатҳои Алабама, Арканзас ва Кентуккӣ харобкориҳо кардааст.

XS
SM
MD
LG