Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор дар нишасти Шӯрои шаҳрӣ


Дар нишасти шӯрои шаҳри Сент-Луиси ёлати Миссурии Амрико як мард панҷ нафар, аз ҷумла, ду корманди пулисро ба қатл расонд. Ба гуфтаи шоҳидон, марди мусаллаҳ вориди толор шуд ва ба тирпарронӣ шурӯъ кард. Ӯ ҳамзамон фарёд мекашид, ки мехоҳад мири шаҳрро бикушад. Кормандони пулис маҷбур шуданд, ки сӯи ҳамлагар оташ кушода ӯро ба қатл расонанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мири Сент-Луис ҷароҳат бардоштааст.

Сабабҳои ҳодиса пажуҳиш мешаванд. Ба иттилои расонаҳои шаҳр, ҷинояткор бо кормандони шӯро ошно буд ва дар нишастҳои шӯро мунтазам ширкат мекард.

XS
SM
MD
LG