Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада хостори муборизаи Париж бо Толибон шуд


Канада мехоҳад Фаронсаро барои интиқоли неруҳои иловагӣ ба манотиқи доғи ҷануби Афғонистон мутмаин созад. Гуфта мешавад, ки бо фарорасии рӯзҳои гарм Толибон дар ҷануби Афғонистон ҳамлаи густарда болои неруҳои Эътилофи байнулмилалӣ ва низомиёни ҳукуматиро шурӯъ карданианд. Аз ин рӯ ҳукумати Канада тасмим гирифт, ки ба хотири музокирот оид ба интиқоли боз 700 низомии фаронсавӣ ба ҷануби Афғонистон як ҳайати расмиро ба Париж фиристад. Фаронса эълом дошт, ки ин мавзӯъро баррасӣ мекунад ва аммо ваъдаи интиқоли неруҳои иловагиро накардааст.

Мақомоти Канада ду ҳафта пеш ҳушдор доданд, ки агар дигар кишварҳои узви НАТО ба манотиқи доғи ҷануби Афғонистон неруҳои иловагӣ нафиристанд, мӯҳлати ҳузури неруяшон дар ин кишварро тамдид нахоҳанд кард. Неруҳои Канада дар ҷануби Афғонистон мустақаранд ва дар набардҳо бо Толибон 77 низомии кишвар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG