Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониёвиҳо дар бораи сабабҳои ҳалокати Бҳутто


Муфаттишони бритониёвӣ баъди пажуҳиши сабабҳои марги Беназир Бҳутто ба натиҷае расиданд, ки сарвазири пешини Покистон на аз тир, балки бар асари инфиҷор ба ҳалокат расидааст. Дар гузориши онҳо гуфта шудааст, ҷароҳати сангини сар, ки асари инфиҷор аст, мунҷар ба ҳалокати Бҳутто шудааст. Муфаттишон ҳамчунин собит карданд, ки ҳамла ба Бҳутто баъд аз суханронияш дар ҳамоиши шаҳри Равалпиндӣ фақат аз сӯи як нафар сурат гирифтааст. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки ҳамла ба сарвазири пешини Покистонро ду нафар анҷом додаанд.

Гузориши муфаттишони бритониёвӣ дар маҷмӯъ он фарзияи куштори Бҳутторо тайид мекунад, ки қаблан аз сӯи ҳукумати Покистон эълон шуда буд. Ҷонибдорони хонум Беназир ба фарзияи расмӣ шак карда, талоши тафтиши мустақилонаи кушторро доштанд.

XS
SM
MD
LG