Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли сарбозон ба Афғонистон ҳали худро наёфт


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, дар байни кишварҳои узви паймони Нато дар масъалаи ирсоли нерӯ ба ҷануби Афғонистон ҳеҷ гуна бӯҳрон ҷой надорад.
Дар Вилнюси Литва дар нишасти вазирони Нато ягон нафар аз байни 26 кишвари узв иброз надошт, ки кишвараш ҳозир аст ба ҷануби Афғонистон сарбоз фиристад.
Дар нишасти вазирони мудофиаи Нато ин нуқтаи назар таъкид шуд, ки шояд дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви паймон дар шаҳри Бухарест, ки моҳи апрел доир хоҳад шуд, раҳбарони кишварҳо ин пешниҳодро қабул кунанд.
ИМА ва Канада аз кишварҳои узви Нато талаб кардаанд, ки барои муқовимат ба Толибони ошӯбгар дар ҷануби Афғонистон нерӯву муҳимот фиристанд.
Канада ҳушдор додааст, ки агар кишварҳои Нато ба ҷануби Афғонистон камаш 1000 сарбози иловагӣ нафиристанд, Оттава соли оянда 2500 сарбозашро аз вилояти Қандаҳор берун мебарорад.
XS
SM
MD
LG