Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромнӣ аз сабқати президентии ИМА барканор шуд


Мит Ромнӣ аз сабқати дохилиҳизбӣ барои курсии раёсатҷумҳурии ИМА барканор шуд. Ин иқдом имкони пирӯзии сенатор Ҷон Маккейн дар сабқати ҳизби ҷумҳурихоҳро бештар намуд. Ромнӣ гуфт, ӯ мехоҳад ба ҳизбаш имкон диҳад, ки барои сабқати раёсатҷумҳурии моҳи ноябр омодагии беҳтар гирад ва номзадҳои демократро, ки ҷонибдори беруншавии артиши ИМА аз Ироқ ҳастанд, ноком кунад.
Ҳафтаи равон Ромнӣ дар сабқати дохилиҳизбӣ дар аёлатҳои бузурги ИМА ба Маккейн ва дар аёлатҳои ҷанубӣ ба номзад Майк Ҳаккабӣ мағлуб шуд.

XS
SM
MD
LG