Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: ИМА Афғонистонро фаромӯш накардааст


Кондализа Райс ва Дэвид Милибэнд, вазирони хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё имрӯз дар Кобул бо Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон музокирот анҷом доданд ва баъдан нишасти хабарии муштарак доир карданд. Хонум Райс аз низомиёни Эътилофи таҳти фармони НАТО ситоиш намуд, ки аз ташкили гурӯҳҳои бузурги Толибон ҷилавгирӣ мекунанд. Ҳомид Карзай гуфт, ӯ бо ақидае, ки гӯё Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояшон Афғонистонро фаромӯш кардаанд, розӣ нест. Ӯ афзуд, ки “агар ба Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, мардуми кишвар фақат шод ва миннатдор хоҳад шуд. Ва аммо набояд гуфт, ки Афғонистонро аз ёд бурдаанд. Агар онро фаромӯш мекарданд, мо имрӯз имкони наҷот бахшидан ба ҳазорон кудаконро надоштем. Агар Афғонистонро фаромӯш мекарданд, дар кишвар ҳазорҳо километр роҳи нав бунёд намешуд ва сохти идорӣ рӯз то рӯз беҳбуд намеёфт”.

XS
SM
MD
LG