Пайвандҳои дастрасӣ

Барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти бемористонҳои Тоҷикистон дар мавсими сармо ва бебарқӣ наздики 2 миллион доллар лозим будааст.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо ҳадафи рафъи ҳолати изтирории муассисоти тиббӣ бинобар сармоҳои шадид ва ҷоришавии маҳдудияти амиқи барқ дар кишвар ситоди изтирорӣ таъсис додааст.

Ҳамарӯза аз бемористонҳои тамоми манотиқи Тоҷикистон ба вазорати беҳдошт ва ҳукумати кишвар оид ба мавориди қатъи интиқоли барқ ва вазъи маризон дар шароити бебарқиву сардӣ маълумот дода мешавад. Вазорати беҳдошт вазъи баамаломада дар кишварро нигаронкунанда арзёбӣ намуда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостори кӯмак ба муассисаҳои тиббӣ шудааст.

Шамсиддин Қурбонов, масъули раёсат дар вазорати беҳдошт, гуфт, ниҳоди мазкур аз вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ хостааст, барои бароварда сохтани эҳтиёҷи муассисаҳои тиббӣ дар мавсими сармо ва бебарқӣ наздики 2 миллион доллари амрикоӣ ихтисос диҳад. Вале вазорати рушди иқтисод то ба ҳол ба дархости вазорати беҳдошт посух надодааст. Оқои Қурбонов афзуд, бо ин вуҷуд ки тибқи қоида, бемористонҳо бояд бидуни монеа ва шабонарӯзӣ бо барқ таъмин бошанд, мавориди қатъи интиқоли барқ ба ин муассисаҳо афзун шудаанд:

«Аз рӯйи маълумоте, ки мо дорем, дар бемористонҳои марказии ноҳияҳои бахусус вилояти Хатлон ҳар рӯз аз 2 то 7 соат ба ҳисоби миёна интиқоли барқ қатъ мегардад. Мушкилот зиёд аст дар муассисаҳои тандурустии ин минтақа… Маълум гардид, ки 317 адад генератори тавлиди барқ дар муассисаҳои беҳдоштии Тоҷикистон мавҷуд аст, аммо маблағе, ки ҳукумати Тоҷикистон барои харидории маводди сӯхт барои корандозии ин генераторҳо ҷудо кардааст, басанда нест. Агар барқ қатъ шаваду генераторҳо ҳамарӯза то 7 соат фаъол карда шаванд, маводди сӯхте, ки ба пули давлат харида мешавад, танҳо барои то 3 рӯз кифоят мекунад. Аз ин рӯ, мо дар номаи расмии худ ба унвони созмонҳои байналмилалӣ, аз ин созмонҳо хоҳиш кардем, барои харидории маводди сӯхт низ ба мо кӯмак расонанд…»

Дар ҳамин ҳол, масъулини идораи беҳдошти вилояти Хатлон иқрор мекунанд, ки барои рафъи вазъи изтирорӣ дар муассисаҳои тиббии ин минтақа талошҳояшон нокифоя будааст. Холназар Ғиёсов, муовини сардори идораи беҳдошт, мегӯяд, қатъи нобаҳангоми барқ дар бемористонҳои бахусус манотиқи дурдаст ва кӯҳистонии ин минтақа бас зиёд мушоҳада шудааст ва гоҳе то 5 шабонарӯз дар ин муассисаҳо интиқоли нерӯ мутаваққиф шудааст:

«Вилояти Хатлон низ чун ҳама манотиқи кишвар бо ин мушкилот мувоҷеҳ аст. Мо дар бемористонҳо бухориҳо васл кардем, ҳезум додем. Барои таваллудхонаҳо генератор доданд аз вазорати беҳдошт…»

Муассисаҳои тиббии рустоҳо ва манотиқи дурдасти Хатлон ба 200 адад мошини ёрии таъҷилӣ мӯҳтоҷ будаанд, аммо то ҳол танҳо 60 ҳамин гуна мошин дар ихтиёр доранд ва ҳамон ҳам бо кӯмаки молии созмонҳои хориҷӣ. Ба сабаби камбуди мошинҳои ёрии таъҷилӣ, аксар аз сокинони навоҳӣ ва деҳоти дурдаст наметавонанд ба бемористонҳо бирасанд ва маҷбуранд, дар хонаҳои сарду торики худ машғули худмуолиҷа шаванд.

Шариф Раҷабов, сарпизишки бемористони маризиҳои мусрии Хуҷанд, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд интиқоли барқ ба ин муассиса тамоман қатъ намешавад, аммо бинобар сардии утоқҳо, масъулин на ҳама маризонро қабул мекардаанд:

«Ҳарчанд сокинони маҳаллӣ 1,5 соат субҳ ва 1,5 соат шом барқ мебинанд ва тамоми корхонаҳо, мағозаву тарабхонаҳо аз барқ маҳрум карда шудаанд, аммо аз ҳисоби аҳолӣ ба бемористонҳо барқ медиҳанд. Мо ҳоло беморонро ба ҳам наздик ҷо мекунем ва аз ин ҳисоб ними бинои бемористонро маҳкам кардаем ва танҳо беморони шадидро барои муолиҷа қабул мекунем…»

Аз миёни ниҳодҳое, ки вазорати беҳдошт хостори кӯмак дар рафъи ҳолати изтирории муассисаҳои тиббӣ шудааст, танҳо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид изҳори омодагӣ кардааст, ки дар ҳаҷми қариб 100 ҳазор доллари амрикоӣ дастгоҳҳои барқӣ ва лавозимоти дигари тиббӣ ёрӣ расонад.

Аммо дар вазорати беҳдошт мегӯянд, то замоне ки ҳукумати кишвар наздик ба 2 миллион доллари лозимро ба ин ниҳод тахассус надиҳад, мушкили муассисаҳои тиббӣ то ахир ҳалношуда боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG