Пайвандҳои дастрасӣ

СММ яке аз созмонҳои аслии кумаккунандаи Тоҷикистон дар шароити вазнини кунунист ва дар робита ба фаъолияту тасмимҳои ин созмон хабарнигори радиои Озодӣ Тоҳири Сафар бо раиси дафтари СММ дар Душанбе Майкл Ҷонс суҳбате анҷом дод, ки фишурдаи он оварда мешавад.

Майкл Ҷонс: Имрӯзҳо интизор меравад, ки қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон таҳти хатар қарор хоҳанд гирифт ва ба кӯмакҳои башарӣ ниёз хоҳанд дошт, махсусан ба сӯзишворӣ. Дар муассисаҳои мушаххас ба мисли бемористону зойишгоҳ ва ятимхонаҳо ва бахшҳои ҷарроҳӣ афроди осебпазир ҳастанд. Ва мушкилоти зиёдро шаҳриҳо хоҳанд кашид, чун мардуми зиёде дар манзилҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд ва пойбанди нерӯи барқ ва газ ҳастанд. Як мушкили ҳалталаб ин аст, ки бояд тазмин дод, то манзилҳои табақаҳои болоӣ бо об таъмин бошанд, ки тавонанд барои ниёзҳои беҳдоштӣ ва таҳияи ғизо истифода баранд. Ва бояд тазмин диҳем, ки дар баъзе аз минтақаҳо об соф ва пок карда шуда бошад. Ниёз ба сӯзишворӣ вуҷуд дорад, ки маркази гармидиҳии Душанбе коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Норакро як андоза ҷуброн кунад. Барои интиқоли муназзами нерӯи барқ ба мардум трансформаторҳо лозим аст, то ки трансформаторҳои сӯхтаи барқиро иваз кунем. Барои бемористону ятимхонаҳо мо ба генераторҳои тавоно лозим аст, то ки васоили гармидиҳиро бо нерӯи барқ таъмин кунанд ва ҳарорат дар утоқҳоро дар сатҳи муносиб нигаҳ доранд. Ва мо бояд ба масоили дигари пешомада аз ҷумла масъалаи кӯмакҳои ғизоӣ тавваҷӯҳ кунем. Дар деҳот мардум пулҳои худро барои харидани ҳезум ва дигар анвоъи сӯзишворӣ сарф мекунанд ва пулашон барои харидани ғизо камтар мондааст ва камбуди нерӯи барқ сабаби коҳиши тавлиди маводи ғизоӣ шуда ва боиси тавварум ва ё беқурбшавии пул шудааст. Баъзе аз оилаҳои фақир дар ноҳияҳо бо маводи ғизоӣ таъмин хоҳанд шуд.

Суол: Имрӯзҳо беш аз ҳама кадом бахши Тоҷикистон ранҷ мекашад, ё мушкилот дар манотиқи ҷумҳурӣ якранг аст?

Майкл Ҷонс: Мо то кунун иттилоотро аз тамоми бахшҳои кишвар ҷамъ мекунем. Дар чаҳорчӯби гурӯҳи РЕАКТ, ки бо ҳамоҳангии ҳукумат кор мекунад, мо чаҳор гурӯҳи хурд дорем, ки яке вазъи амнияти ғизоӣ, дигарӣ ба обу беҳдошт ва саввумӣ ба масъалаи сарпаноҳ ва дигар маводи аввалияро таҳқиқ мекунад. Ин гурӯҳҳоро Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ЮНИСЕФ, Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ва Салиби Сурх ва ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ раҳбарӣ мекунанд. Ва мо бо ин ниҳодҳои зиддахл кор мекунем ва то кунун арзёбии ниёзмандиҳо дар кишварро анҷом додем. Ин идораҳо иттилоъотро ҷамъ мекунанд ва то рӯзи ҷумъа мо ниёзмандиҳо барои мардум ва ниёзмандӣ барои васоилеро, ки барои кӯмакҳои фаврӣ заруранд, ҷамъбаст хоҳем кард.

Суол: Оё то кунун як кишвари донор ба дархостҳои шумо ҷиҳати кӯмак посух додааст?

Майкл Ҷонс: Бале, ман чанд дафъа бо намояндагони кишварҳои донор мулоқот доштам ва ба онҳо доир ба вазъи таъмини энержӣ ва ниёзмандиҳои фаврии мардум иттилоъ додам. Ва ин маълумоти умумӣ буд ва ҳамаи мо мунтазири рӯзи ҷумъа ҳастем, то иттилоот ҷамъбаст шавад ва мо рӯзи шанбе бо донорҳо мулоқот хоҳем кард, то назари онҳоро доир ба дархостҳои худ бифаҳмем ва ба суолоти онҳо ҷавоб гуем. Ва баъд аз он мо расман аз ҷомеаи байнулмилал дархост мекунем, ки ба Тоҷикистон кӯмак расонанд. Ин дархост расман аз Ню-Йорк ва ё Женева содир хоҳад шуд ва мо айни ҳол таввасути расонаҳои мухталиф дархости кӯмак кардем. Ва айни ҳол аз захираҳои изтирории худ дар кишвар истифода мебарем ва аз захираҳои минтақавии худ кор мегирем, то сар аз ҳафтаи оянда ба ниёзмандиҳои фавқуллодаи мардум расидагӣ кунем.

Суол: Аммо агар дар рӯзҳои наздик кӯмак нарасад, ба мардуми ниёзманд чӣ хоҳад шуд?

Майкл Ҷонс: Ман фикр намекунам, ки мо ба вазъияти марговар рӯ ба рӯ ҳастем ва он гуна ки ман гуфтам, иқдомот рӯи даст гирифта шудааст, то бемористонҳои асосӣ бо нерӯи барқ таъмин бошанд ва ҳукумат таъкид мекунад, ки нерӯи барқ асосан ба қишрҳои осебпазиртарин ва онҷойҳое, ки ба хатари бузург рӯ ба рӯ мешаванд, дода хоҳад шуд. Вале бемористонҳои асосӣ дорои генератор мебошанд ва мо бояд тазмин диҳем, ки онҳо доимо бо сӯзишворӣ таъмин шаванд. Ва захираҳои сӯзишвориеро, ба кор мебарем, то барои кори мунтазами генераторҳо кумак кунем. Ва мо 25 генератори изофӣ дорем, ки барои ятимхонаҳо ва дигар муассисаҳое, ки нерӯи барқ надоранд, тақсим мекунем. Ва мо умедворем ва итминон дорем, ки вазъият барои аксарияти мардум марговар нахоҳад шуд. Ман фикр намекунам, ки мо ягон мушкилоте дар роҳи кумак дорем ва ҷомеаи донор моил ҳастанд, ки ба ҳукумат кӯмак кунанд ва ҳукумат низ худаш ҳам чораҳо меандешад, мазути изофӣ ва газ ворид мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ низ бо ҳукумат дар масъалаи тақсими нерӯи барқ фаъолият мебарад. Ва мо дар минтақаҳои мухталиф намояндагиҳо дорем, ки барномаҳои рушди худро муваққатан ба барномаҳои кумакӣ табдил мекунанд, то ба мардум дар минтақаҳои рустоӣ ёрдам диҳанд.

XS
SM
MD
LG