Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳову бемористонҳои сард


Тайи ҳафтаи ахир 100 000 кВт/соат коҳиш додани меъёри нерӯи барқ ба минтақаи Зарафшон барои аҳолӣ ва мактабҳову бемористонҳо мушкил афзудааст.

Яке аз табибони бемористони амрози кудакони шаҳри Панҷакент мегӯяд, агарчӣ ба беморонистон барқ дода мешавад, вале бинобар заъфи нерӯи он ҳуҷраҳои кӯдакони бемор, бавижа атфоли навзод чандон хуб гарм намешавад. Ва онҳо маҷбуранд, ки зарфҳои плостикро аз оби гарм пур кунанд ва дар рахти хоби кӯдаокни навзод гузоранд.

Ба таъйиди ин пизишк, бино бар сардии манзилҳои зисти мардум шумори атфоли гирифтори бемориҳои гуногун, бавижа роҳҳои нафас ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ин табиб гуфт, айни замон дар шифохонаи кӯдакон беш аз 100 тифл бистарӣ мебошанд.

Дар аксари макотиби шаҳру деҳоти ноҳия низ бино бар набуди барқ ва фаъол набудани системаи гармидиҳӣ ҳарорати синфхонаҳо то -8 -10 дараҷа аст. Ба ҳангоме, ки дар яке аз мактабҳои шаҳр будем, яке аз устодон, ки аз дарс берун омада буд ва аз сардӣ меларзид, гуфт, бачаҳо сабр карда наметавонанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Юсуф Амонқулов, сармуҳандиси шабакаҳои барқи минтақаи Зарафшон, эҳтиёҷоти истифодаи нерӯи барқ барои водӣ дар як шабонарӯз 750 ҳазор килвоатт соат мебошад, аммо дар ҳоли ҳозир, тибқи маҳдудияти муқарраршуда барои се ноҳияи водӣ: Кӯҳистони Мастҷоҳ, Айнӣ ва Панҷакент 310 ҳазор киловатт соат дода мешавад, ки ин 41 дар сади ниёзро ташкил медиҳад. Ин дар ҳоле, ки сардии ҳаво шабона – 17 ва рӯзона -9 -10 аст.

XS
SM
MD
LG