Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2010: бидуни футболбозони Тоҷикистон


Нахустин бозиҳои мусобиқаи интихобии футболи Ҷоми ҷаҳон-2010 баргузор шуданд.

Мусобиқаи қорраи Осиё дар 5 гурӯҳ бо ширкати 20 дастаи миллӣ ҷараён дорад.
Дар гурӯҳи «А» Австралия бар Қатар бо натиҷаи 3:0 пирӯз шуд. Бозии дигари ин гурӯҳ байни Ироқ ва Чин 1:1 мусовӣ ба анҷом расид. Дар гурӯҳи «В» Жопун дар майдони худ бар Тайланд бо натиҷаи 4:1 ва Баҳрайн дар меҳмонӣ бар Уммон бо натиҷаи 1:0 ғолиб омаданд. Дар гурӯҳи «С» дар майдони худ дастаи Куриёи ҷанубӣ дастаи Туркманистонро ба шикасти сангини 4:0 шикаст дод. Куриёи шимолӣ дар сафар тими Урдунро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Дар гурӯҳи «D» Арабистони Саъудӣ дар майдони худ бар Сингапур бо ҳисоби 2:0 ва Узбакистон дар сафар бар Лубнон бо натиҷаи 1:0 дастболо шуданд. Дар гурӯҳи «Е» Имороти муттаҳидаи арабӣ ба дарвозаи тими меҳмон Кувайт 2 голи беҷавоб зад. Бозии Эрон бо Сурия дар Теҳрон бидуни гол мусовӣ анҷомид.
Бозиҳои даври дувум 26-уми март баргузор мешаванд.
Вале, мутаассифона, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳӣ маҳрум гардидааст.
Ду бохт дар Туркия
Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар ду бозии санҷишӣ дар Туркия аз бошгоҳҳои футболи Русия шикаст дид. Футболбозони тоҷик нахуст аз тими «Сатурн» (Раменское) бо натиҷаи 0:3 ва сипас аз дастаи «Алания»-и Владикавказ бо натиҷаи 2:7 мағлуб гардид.
XS
SM
MD
LG