Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: реҷаи барқ шадидтар мешавад


Дар вилояти Суғд маҳдудияти барқ ҷорист ва ба гуфтаи масъулини идораи барқ аз рӯзи 8 феврал он боз ҳам шадидтар мешавад.

Инъом Сангинов, муовини намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» дар Хуҷанд , гуфт, шабонарӯзи гузашта вилояти Суғд ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ гирифт ва меъёри ин шабонарӯзӣ камтар аз он аст. Ин миқдор нерӯи барқ танҳо ҳадди ақали талаботи минтақаи шимолии Тоҷикистонро бароварда месозаду бас.

Ба гуфтаи ӯ, барқ умдатан ба ҷойҳои ҳаётан муҳим, мисли бемористон ва таваллудхонаҳо ва корхонаву иншоотҳои муҳим интиқол меёбад. Ва танҳо дар як ду соати шабонарӯз ба навбат ба манзилҳои зисти бисёртабақа. Бисёри хонаҳои заминӣ умуман барқ надоранд.

Ҷаноби Сангинов гуфт, дар ин шабонарӯзҳо неругоҳи обии барқи «Қайроқум» тақрибан 2 миллиону 600 ҳазор киловатт соат барқ тавлид мекунад ва камтар аз 1 миллион киловатт соати дигар барқ бо хати умумӣ аз Туркманистон меояд.

Аммо вай афзуд, эҳтимол дорад вилояти Суғд дар рӯзҳои баъдӣ аз ин миқдор барқи иловагӣ маҳрум гардад ва кораш танҳо ба нерӯгоҳи барқи Қайроқум ҳавола гардад. Дар ин ҳолат қисмати умдаи сокинони Суғд умуман бебарқ мемонанд.

Дар рӯзи 7 феврал аз манотиқи Суғд, мисли Исфараву Конибодом, Ғончиву Зафаробод, Ашту Мастчоҳ, хабарҳо ба дафтари радиои Озодӣ хабарҳо расид, ки дар рӯзҳои ахир сокинон комилан аз барқ маҳруманд ва дар бемористонҳо низ интиқоли барқ соатҳо қатъ меёбад.

Мутахассисин бахши энергетики Суғд мегӯянд, ки вилояти Суғд ҳудудан ба 18 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ниёз дорад, аммо барқе, ки имрӯзҳо аз рӯи меъёр мегирад, танҳо шашяки талаботашро бароварда месозад.

XS
SM
MD
LG