Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА нозиронашро ба Маскав намефиристад


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) нозирони худро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия намефиристад. Дар ин бора имрӯз Маҷмааи порлумонии САҲА ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар тасмим гирифтанд. Дар эъломияи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар гуфта шудааст, Маскав монеъаҳое эҷод кардааст, ки барои назорати комили ин маъракаи сиёсӣ имкон намедиҳанд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфта буд, ки кишвараш ба талаби Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар барои ду ҳафта қабл аз маъракаи сиёсӣ, яъне 15 феврал вориди Русия шудани нозиронаш посухи рад додааст. Чанд рӯзи ахир Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва мақомоти Русия мавзӯъи имкони афзоиши теъдоди нозирони САҲА дар интихоботи президентии рӯзи 2 март ва боз чанд рӯз изофа кардани мӯҳлати ҳузури онҳо дар Русияро баррасӣ мекарданд. Русия теъдоди нозирони САҲА-ро то 70 нафар маҳдуд кард. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар талош кард, нозиронаш на дертар аз 15 феврал вориди Русия шаванд ва аммо Маскав дар посух гуфт, ки нозирон метавонанд фақат баъд аз 20 феврал ба Русия биёянд. Сергей Лавров ин талаби Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башарро “ултиматум” ваё зарбулаҷал номид.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ба сабаби эҷоди монеъҳо аз сӯи Маскав аз назорати интихоботи порлумонии Русия дар моҳи декабри соли гузашта низ сарпечӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG