Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми 7 феврал, интиқоли барқ ба пойтахти Тоҷикистон маҳдудтар шуд. Акнун, Душанбе панҷ соат субҳ ва панҷ соат шом барқро хоҳад дид.

Шарифхон Самиев, раҳбари ширкати «Барқи Тоҷик» дар сӯҳбати вижаи худ бо шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, бино бар поин рафтани сатҳи об дар обанбори Норак онҳо маҷбуранд интиқоли барқ ба пойтахти Тоҷикистонро низ мукарраран маҳдуд намоянд.

Маҳдудият ба обйектҳои муҳим дахл нахоҳад дошт. Оқои Самиев тавзеҳ надод, ки чӣ обйектҳое муҳим ба шумор хоҳанд рафт, маъмулан, зери ин истилоҳ бемористонҳо ва биноҳои стротежӣ фаҳмида мешавад.

Ҳамакнун, бино бар реҷаи нав барқ дар хонаҳои аҳолӣ ва маҳаллҳои «номуҳим» субҳ аз соати панҷ то даҳ ва шом низ аз соати панҷ то даҳ рӯшан хоҳад буд.


Тафсилоти дигари ин мавзӯъ

Ду даҳаи охири моҳи январ низ дар пойтахт барқ ба реҷа дода мешуд, аммо он замон барқро дар маҳаллаҳои пойтахт як шаб пас хомӯш мекарданд. Бо оғози моҳи феврал барқ низ ба таври пайваста ба хонаҳои мардум дода мешуд.

Шарифхон Самиев ваъда дод, ки ин охирин зимистони торик дар Тоҷикистон хоҳад буд. Ва оқои Самиев дақиқан нагуфт, ки маҳдудиятҳоти нав то кай идома хоҳанд ёфт. Ӯ гуфт, бо оғози гармиҳо, ки пас аз як ҳафта дар назар хоҳанд буд, ва бо афзоиши воридоти нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя реҷаро тадриҷан бештар аз миён хоҳанд бурд.

Ҳамзамон, оқои Самиев гуфт, сар аз имрӯз интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи дигари Тоҷикистон боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG