Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси миёни Маскав ва САҲА идома дорад


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш талаби Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар – як гурӯҳи назорати интихоботии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро намепазирад. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва мақомоти Русия мавзӯъи имкони афзоиши теъдоди нозирони САҲА дар интихоботи президентии рӯзи 2 март ва боз чанд рӯз изофа кардани мӯҳлати ҳузури онҳо дар Русияро баррасӣ мекунанд. Русия барои ҳузури фақат 70 нозири САҲА дар ин маъракаи сиёсӣ иҷоза додаасту халос. Масъулини Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар талаб доранд, ки нозиронаш на дертар аз 15 феврал вориди Русия шаванд ва аммо Маскав мегӯяд, ки ин нозирон метавонанд фақат баъд аз 20 феврал ба Русия биёянд.

Имрӯз Сергей Лавров ин талаби Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башарро “ултиматум” ваё зарбулаҷал номид. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ба сабаби эҷоди монеъаҳо аз сӯи Маскав аз назорати интихоботи порлумонии Русия дар моҳи декабри соли гузашта сарпечӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG