Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумат аз пирӯзии ислоҳотхоҳон ҷилавгирӣ кард


Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон аз ширкат дар интихоботи порлумонӣ маҳрум сохтани номзадҳои ислоҳотхоҳро чун “таҳдиди ҷиддӣ ба инқилоби исломӣ” арзёбӣ кард. Хабаргузории ISNA гуфтаҳои Хотамиро овардааст, ки "агар раванди ба интихобот роҳ надодани номзадҳои ислоҳотталаб ба як амри воқеъӣ табдил ёбад, ин барои ҷомеъа хатар хоҳад дошт".

Моҳи гузашта мақомоти Эрон беш аз ду ҳазор номзади ислоҳотхоҳро бо далели “мутобиқ набуданашон” аз ширкат дар интихоботи порлумонии рӯзи 14 март маҳрум кард. Раҳбарони неруҳои ислоҳотталаб мегӯянд, ки ин тасмим имкони онҳо барои пирӯзӣ дар интихоботро аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG