Пайвандҳои дастрасӣ

Буҳрони барқи Тоҷикистон амиқтар мешавад


Ҷонишини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов иттилоъ додааст, ки аз имрӯз, яъне 7 феврал, дар Душанбе шабона неруи барқ ба куллӣ қатъ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, шабҳо танҳо маркази шаҳр ва объектҳои муҳими шаҳр бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Вай афзуд, аз имрӯз сар карда дар пойтахт неруи барқ шояд рӯзона ҳам қатъ шавад. Ҷонишини раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ин тасмим дар робита ба камшавии сатҳи об дар обанбори неругоҳи Норак ва қатъшавии вуруди барқ аз кишвари ҳамсояи Узбакистон гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG