Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Гурҷистон боз ба майдонҳо мерезанд


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон шурӯъ аз имрӯз намоишҳои эътирозиро шурӯъ мекунанд, ки қарор аст рӯзи 15 феврал бо як ҳамоиши бузург дар маркази Тифлис поён ёбанд. Мухолифин бо натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон розӣ нестанд ва истеъфои чанд мақоми кишвар, аз ҷумла, вазири умури дохила ва раиси Комиссиюни марказии интихобот, аз маҳбасҳо озод кардани ширкаткунандагони намоиши эътирозии осоишта ва муҷозоти гунаҳкорон дар саркӯб кардани намоиши мухолифини рӯзи 7 ноябри соли гузаштаро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG