Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сурудхонии овозхононҳои тоҷик бо фонограммаро манъи намояд.

Ин вазорат лоиҳаи қарори ҳукумати кишвар дар бораи манъи истифодабарии фонограммаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба раиси ҳукумати Тоҷикистон ирсол намудааст. Гулмурод Малиев, сардори идораи санъати вазорати фарҳанг, мегӯяд, ки ин қарор дар оянда истифодаи фонограмма барои ҳамаи овозхонҳоро манъ мекунад ва фақат ба дастаҳои рақсӣ истифодаи фонограммаҳои танҳо бесадоро иҷоза медиҳад. Ба гуфтаи оқои Малиев, дар ҳолати тасдиқ ёфтани ин лоиҳа аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон, дар авохири моҳи феврали соли равон дар кишвар сурудхонии овозхонҳо бо фонограмма манъ мешавад.
Вазорати фарҳанг сабаби ин амали худро дар он маънидод мекунад, ки сабти овозии фонограмма ба рушди санъати мусиқиву сурудхонӣ халал ворид мекунад. Тибқи лоиҳаи мазкур овозхонҳои тоҷик дигар наметавонанд ҳатто дар маъракаҳои фарҳангие, ки дар майдонҳои бузург сурат мегиранд, аз фонограмма истифода баранд.
Аммо ҳунармандони тоҷик иддаъо мекунанд, ки чунин тасмимгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз нодида гирифтани шароити техникии Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи коршиносон, ин тасмими вазорати фарҳанг дар ҳолест, ки дар толорҳои бузурги Тоҷикистон амсоли толори «Кохи Борбад»-у «Кохи Ваҳдат» бидуни фонограмма овозхонӣ намудан аз имкон берун аст. Бахтиёр Раҳимов, як ҳунарманди тоҷик, ки солҳои сол рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад, гуфт: «Ман фикр мекунам, вазорати фарҳанг ҳақ дорад дар толорҳои консертӣ фонограммаро манъ кунад. Лекин, дар маросимҳои ҷашние, ки дар майдонҳои калон сурат мегиранду дар он ҷо 10-15 ҳазор нафар тамошобин ҳузур дорад, ба ғайр аз истифодаи фонограмма мо дигар илоҷе надорем. Зеро баландгӯякҳое, ки мо мемонем, овозҳои ноҷури мусиқавии тору дутор шунида мешавад ё ин, ки аз худи ҳамон микрофонҳое, ки мо мемонем бевосита овозҳои нолизим мебароранд. Фонграммаро дар баъзе ҳолатҳо истифода бурдан мумкин аст ва ин ғайриқонунӣ ҳам ҳисоб нахоҳад шуд. Ва «зинда» хондан ба худи ҳунарманд вобаста аст. Ҳунарманде, ки дорои ҳунари асил аст, дар ҳар куҷо зинда мехонад».
Кибриё Раҷабова, овозхони тоҷик, низ бар ин аст, ки бидуни фонограмма танҳо дар толорҳои хурд суруд хондан имкон дорад, вале дар телевизион бе фонограмма сабт намудани сурудҳо ғайриимкон аст. Ба ақидаи ӯ, агар ин тасмими вазорат аз сӯи ҳукумат қабул гардад, теъдоди овозхонҳои тоҷик коҳиш хоҳад ёфт: «Фонограмма барои он даркор аст, ки телевизион нағз сабт кунад. Агар бе фонограма хонем, барои ин таҷҳизоти фаннии мувофиқ даркор».
Аммо, тасмимгирии вазорати фарҳанг дар ҳолест, ки дар тамоми дунё аз фонограмма чун бозёфти фаннии мусиқии муосир истифода мебаранд. Таҳмина Рамазонова, овозхони тоҷик дар суҳбат бо хабарнигори радиои «Озодӣ» иброз дошт, ки вазорати фарҳангро беҳтар мебуд, то ба ҳунармандон иҷозаи бо ин навъ суруд хонданро бо шарти он, ки қабл аз консерт дар эълонномаҳояшон ибораи «бо фонограмма суруд мехонад»-ро қайд мекарданд, иҷоза медод: «Дар баъзе ҳолатҳо вақте шумо билети консерти ҳунармандеро мехаред, шумо ҳақ доред, ки аз ӯ талаб кунед, то ба таври «зинда» хонад. Аммо бигзор он сароянда, ки консерти худро бо фонограмма ба мардум пешниҳод мекунад, дар афишаи худ нависад, ки консерти ӯ бо фонограмма баргузор мегардад».
Ба иттилоъи вазорати фарҳанги кишвар, дар ҳоли ҳозир аксари ҳунармандони дастаҳои давлатӣ ба таври ба истилоҳ «зинда» оворзхонӣ мекарданд, вале овозхонони мустақиле низ будаанд, ки аз фонограмма истифода мекардаанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарори пешниҳоднамудаи вазорати фарҳангро қабул кунад, Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон ягона кишваре хоҳад шуд, ки истифодаи фонограммаро барои овозхонҳояш манъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG