Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Moscow Open"-2008: 5 давр пушти сар шуд


Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов ва Соиб Ҷӯраев дар чаҳорумин давраи ҷашнвораи шоҳмоти "Moscow Open"-2008 ҳар кадом боз ду бозӣ анҷом доданд.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов дар даври чаҳорум аз шатранҷбози Русия Александр Данин мағлуб гардида, бозии даври панҷумро бо ҳамватани ӯ Алексей Решетников мусовӣ анҷом дод.
Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соиб Ҷӯраев бошад, баъди дар даври чаҳорум аз Александр Чудиновских (Русия) шикаст хӯрданаш дар даври баъдӣ бар намояндаи дигари Русия Павел Полонский пирӯз шуд.
Бад-ин тартиб пас аз 5 даври мусобиқот Фаррух Амонатов 2,5 имтиёз ва Соиб Ҷӯраев 2 имтиёз ба даст оварданд.
Се шатранҷбози Русия – Александр Рязанцев, Сергей Волков ва Александр Ластин, ду намояндаи Укроин - Захар Ефименко ва Михайло Олексиенко - бо 4,5-имтиёзӣ дар сабқати гурӯҳи асосии «А», ки бо ширкати 304 нафар аз 27 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст, пешсаф мебошанд. Дар ин гурӯҳ, ки аз ҷумла 96 гроссмейстер ва 75 устоди байнулмилалӣ иштирок доранд, боз 4 давр баргузор мешавад.
Дар даври 6-уми ин мусобиқаи бонуфуз Фаррух Амонатов бо Алексей Решетников ва Соиб Ҷӯраев бо Павел Котенко, ҳарду аз Русия, рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG