Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ҳаҷми "сабади истеъмолӣ"-ро 63 сомонӣ (18 доллари амрикоӣ) дар 1 як моҳ муқаррар кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳади ақали маош дар Тоҷикистон ҳудуди 20 сомонӣ, ё 5 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва барои харҷи як ё дурӯзаи сокини алоҳидаи кишвар кифоят намекунад.

Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин робита гуфт, 63 сомониро ташкил додани сабади истеъмолӣ маънои онро дорад, ки як нафар бо ин маблағ дар Тоҷикистон бояд як моҳ зиндагӣ кунад. Ба қавли ӯ, ин рақам аз беҳбуд ёфтани вазъи истеъмоли ғизо дар Тоҷикистон бозгӯӣ мекунад. Оқои Шаҳбозов гуфт, ин рақам соли гузашта баробар ба 55 сомонӣ буд ва имсол 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Кумитаи омори Тоҷикистон сабади истеъмолиро бар асоси таҳқиқи буҷаи ҳазор хонавода муайян кардааст. Барот Тӯраев, сардори идораи таҳқиқоти даромадҳои аҳолии Кумитаи омори ин кишвар мегӯяд, сабати истеъмолие, ки ишон аниқ кардаанд 63 сомонӣ ҳам бошад, дар он 25 намуди маҳсулот дохил мешаванд. Аммо оқои Тӯраев шарҳ надод, ки 63 сомонӣ барои хариди кадом намуди маҳсулотҳо сарф мешавад. Вай дар ин маврид ба суоли хабарнигори Озодӣ ба ҷуз он, ки мардум бештар аз 38 дарсади ҳамон 63 сомонии сабади истеъмолиро барои харидани маводи нонӣ сарф мекунанд, аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард.

Аммо коршиносон мегӯянд, аслан сабати истеъмолӣ 13 навъи ғизо- амсоли маводи нонӣ, гӯшт, тухм, сабзавот, меваҷот, маснуоти қаннодӣ, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва равғанро фаро мегирад. Коршиносон мегӯянд, ҳаҷми сабади истеъмолӣ набояд аз ҳади ақали маош кам бошад ва давлат бояд ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ ҳадди ақали маошро аз сабади истеъмолӣ бештар намояд. Вале дар Тоҷикистон акси ҳол дида мешавад. Зеро ҳадди ақали маош 20 сомонӣ аз се як ҳисаи сабади истеъмолиро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, ки ин маънои онро дорад, давлати Тоҷикистон феълан қудрати таъмини адолати иҷтимоиро надорад, зеро давлат сабати истеъмолиро, ки ифодагари ҳади камтарини маблағ барои рӯзгузаронӣ аст, 63 сомонӣ муқаррар намуда, 20 сомонӣ маош таъин мекунад, ки барои рӯзгузаронии аҳолиаш кифоят намекунад.

Масъулини вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ дар ин маврид худдорӣ карданд. Қудратулло Қурбонов, сардори раёсати ҳифзи аҳолии вазорати мазкур, ки бевосита бо ҳифзи иҷтимоии мардум кор мекунад, бо баҳонаҳо дар бораи сабати истеъмолӣ суҳбат накард ва танҳо гуфт, ки «ман бе иҷозати вазир суҳбат намекунам». Коршиносон мегӯянд, масъулини вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шояд ё аз маълумоти кофӣ надоштан дар бораи вазъи воқеии аҳолӣ ва ё аз кам будани ҳаҷми сабади истеъмолӣ дар қиёс бо хароҷоти воқеии аҳолӣ шарм намуда, аз ин сабаб аз суҳбат худдорӣ намудаанд.

Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки масъулин дар ҳоле ҳаҷми сабади истеъмолиро 63 сомонӣ муайян кардаанд, ки дар Тоҷикистон то кунун қонун дар бораи сабати истеъмолӣ қабул нашудааст. Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи омори Тоҷикистон бо ишора ба қодир набудани давлат ба пардохти маоши ҳади ақали баробар ба сабади истеъмолӣ гуфт, лоиҳаи ин қонун аз сӯи ин ниҳод ба ҳукумат пешниҳод шудааст, вале қабули қонуни мазкурро мавқуф гузоштааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисодӣ, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, сабади истеъмолие, ки мақомоти Тоҷикистон муайян кардаанд, аз воқеият дур аст. Ба қавли оқои Умаров, ҳаҷми сабади истеъмолӣ барои як нафар дар як рӯз бояд аз 200 сомонӣ кам набошад. Вай афзуд, «ин маънои онро дорад, ки оилае, ки аз 5 нафар иборат аст, бояд 1000 сомонӣ харҷ кунад. Ман намедонам, ки кӣ муайян кардааст, ин 63 сомониро. Аммо ҳар як одам мувофиқи меъёрҳои илман асоснок бояд дар як моҳ 4,5 то 5 кило гӯшт истеъмол кунад. Шумо мегӯед, сабади истеъмолӣ 63 сомонӣ аст. Фақат арзиши ҳамин гӯште, ки барои як моҳ барои одам зарур аст, аз 70 сомонӣ зиёд мешавад. Одам ба ғайр аз гӯшт сабзавоту меваҷот, қанду равғани маскаю шир ва маҳсулоти дигарро истеъмол мекунад. Албатта ҳамаи онҳо арзиш доранд ва дар якҷоягӣ ҳеҷ гоҳ 63 сомониро ташкил намедиҳанд. Агар сабади истеъмолиро аз рӯи 25 намуди маҳсулот ҳисоб кунем, арзиши ҳамаи онҳо аз 200 сомонӣ ҳам зиёд мешавад.» Оқои Умаров гуфт, беҳтар мебуд, мақомот дар ин маврид аз шаффофият кор мегирифтанд ва ба мардум шарҳ медоданд, ки чӣ гуна сабади истеъмолиро муайян кардаанд.

Масъалаи сабади истеъмолӣ ба саломатии одамон низ дахл доштааст. Аз рӯи таҳқиқотҳои пажӯҳишгоҳҳои байнулмиллалии бӯҳроншиносӣ аксари оилаҳои тоҷик тавони фароҳам овардани хӯрокеро надоранд, ки барои инкишофи ҷисмонӣ мусоидат намояд. Бар иловаи ин арзиши ғизо, ба вижа, маҳсулоти ниёзи аввал ба мисли гӯшту шир, равғану шакар барои аксари мардум дандоншикан шудааст. Феълан 1 килло гӯшт 15 сомонӣ арзиш дорад, киллои картошка 1,5 сомонӣ, киллои биринҷ 5 сомонӣ ва равғани пахта ба 10 сомонӣ баробар аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот дар асоси нишондиҳандаи сабади истеъмолӣ сатҳи камбизоатирор дар кишвар муайян мекунанд. Агар ҳаҷми маоши як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз 63 сомонии сабади истеъмолӣ кам бошад, ӯ ба табақаи камбизоат дохил мешавад. Ва Кумитаи омори Тоҷикистон бар асоси ин нишондиҳанда, муайян намудааст, ки 50 дарсади аҳолии ин кишвар камбизоатанд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳукумати Тоҷикистон меъёри сабади истеъмолиро ба таври воқеӣ 200 сомонӣ муқаррар кунад, теъдоди камбизоатони кишвар аз 90 дарсад бештар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG