Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Нато вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Дар мулоқоти дурӯзаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви паймони Нато, ки имрӯз дар шаҳри Вилнюси Литва оғоз ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.
ИМА ва Британия аз кишварҳои узви паймони Нато даъват карданд, ба манотиқи ноороми ҷануби Афғонистон воҳидҳои ҷангӣ фиристанд.
Ҳангоми сӯҳбат дар Лондон хонум Кондолиза Райс котиби давлатии ИМА гуфт, фақат як шумори хурди кишварҳои узви Нато ба манотиқи пурхатари Афғонистон сарбоз фиристодаанд.
Ҳамчунон рӯзи чоршанбе дар парламенти Британия сарвазири ин кишвар Гордон Браун изҳор намуд, ки нақша дорад моҳи апрел дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви паймони Нато дар Бухарест масъалаи ӯҳдадориҳо ва тақсими одилонаи вазнинии ҷангро дар миён гузорад.
XS
SM
MD
LG