Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Италия интихоботи пешакӣ барпо мешавад


Италия эълон кард, ки дар миёнаҳои моҳи апрел дар ин кишвар интихоботи парламентӣ баргузор мегардад, зеро президент Ҷорҷио Наполетано парламенти ин кишварро се сол пеш аз мӯҳлат пароканда кард.
Шореҳон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки дар интихоботи 13-14-уми апрел сармоядори муҳофизакор Силвио Берлусконӣ сари қудрат ояд.
Бӯҳрони ҳукуматии Италия моҳи декабри гузашта оғоз ёфта буд. Он замон вакилони мардумӣ ба ҳукумати Романо Продӣ раъйи адами эътимод доданд.
XS
SM
MD
LG