Пайвандҳои дастрасӣ

Каримов ба Путин машварати интихоботӣ дод


Президенти Узбакистон Ислом Каримов мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин мебоист назархоҳии умумимардумӣ роҳандозӣ намуда, ба монанди ӯ мӯҳлати раёсатҷумҳуриашро тамдид мекард.
Президенти Узбакистон Ислом Каримов дар шаҳри Маскав ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки чунин қарор "мантиқиву дуруст" мебуд. Дар айни замон Каримов эътироф кард, ки барои гирифтани ин гуна тасмим дер шудааст.
Моҳи оянда дар Русия интихоботи президентӣ барпо мешавад ва вориси Путин сари қудрат меояд. Путин ду дафъа паи ҳам президенти ин кишвар интихоб шудааст ва тибқи қонуни асосии Русия ҳақ надорад дар интихоботи моҳи март сабқат кунад.
Каримов ду дафъа мӯҳлати раёсатҷумҳуриашро тамдид намуда, соли гузашта бо истифода аз қонунҳои нокомил бори сеюм раисҷумҳури Узбакистон интихоб шуд. Ин интихобот мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG