Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Дар ҳоли зарурат waterboarding такрор мешавад


Қасри Сафед аз коргирии усули истинтоқи муттаҳамҳо бо истифода аз об, ки бо номи "waterboarding" маъруф аст,ҳимоят намуда, афзуд, ки он қонунӣ буда, ҳаёти амрикоиҳоро ҳифз кардааст.
Ба қавли Тонӣ Фратто дар ҳоли таҳдиди ҳамлаи қарибулвуқӯъ президенти ИМА Ҷорҷ Буш метавонад ҳангоми бозпурсии афроди муттаҳам бо терроризм ба истифодаи waterboarding, яънетамсили дар об ғарқ намудани муттаҳам иҷозат диҳад.
Рӯзи сешанбеи 5-уми феврал раиси хадамоти кашфи ИМА (CIA ) Майкл Ҳайден изҳор намуд, ки чанд соли пеш ин тарзи истинтоқ барои гирифтани маъмулот аз се раҳбари воломақоми созмони террористии Ал-Қоида истифода бурда шуд.
Баъзе коршиносон тамсили ғарқ намудани муттаҳамҳоро шиканҷа номидаанд. Шарҳи Қасри Сафедро пажӯҳишгари шиканҷаи СММ Манфред Новак танқид кард.
Ӯ аз ҳукумати ИМА даъват кард, ки аз муҳофизати усули "ноодилонаи" бозпурсӣ даст кашад.
XS
SM
MD
LG