Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон розӣ шуд ба Афғонистон нируи изофӣ фиристад


Имруз Олмон гуфт, ки ба шимоли Афғонистон нируҳои изофӣ мефиристад, то дар таркиби нируҳои НАТО фаъолият кунанд ва ҷои 250 сарбози норвежиро бигиранд. Франс Ҷозеф Юнг-вазири дифоъи Олмон гуфт, ин кор тобистони соли ҷорӣ анҷом хоҳад гирифт. То ҳол Олмон дархости НАТО, ба вижа дархости Амрикоро дар бораи фиристодани нируҳои изофӣ ба Афғонистон рад мекард. Нируҳои Бритониё, Ҳолланд ва Конодо дар Афғонистон бар зидди террористҳо меҷанганд. Бо иҷозаи порламон Олмон метавонад то 3 ҳазору 500 сарбоз ба Афғонистон бифиристад.
XS
SM
MD
LG