Пайвандҳои дастрасӣ

Озмоиши мушаки Эрон Русияро нигарон кардааст


Имруз Русия гуфт, озмоиши мушаки Ирон дар ҳафтаи гузашта воқеъияти барномаҳои ҳастаии ин кишварро мавриди шак қарор додааст. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Александр Ласюков-муовини вазири хориҷаи Русия навиштааст, мушакҳое бо чунин бурд дорои унсури ин навъ аслиҳа мебошанд ва ин кори Эрон Русияро нигарон сохтааст. Эрон мегуяд, ин мушак то поёни соли 2009 моҳвораи мутолеъотиро ба кайҳон интиқол хоҳад дод. Амрико низ аз ин озмоиш интиқод кард.
XS
SM
MD
LG