Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони Аврупо ба Русия мераванд


Ниҳоди аслии нозир бар интихоботи вобаста ба САҲА ба Русия як гуруҳи тадорукотӣ хоҳад фиристод. Дар ин бора Куртис Бадден-сухангуи ин ниҳод хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин гуруҳи чаҳорнафарӣ имруз вориди Маскав мешавад. Бадден мегуяд, 15 нозири дигар раводиди Русия дархост кардаанд ва рузи ҷумъа барои омода кардани сафари нозирони дигар ба Русия хоҳанд рафт. Ба гуфтаи Бадден, САҲА ҳамчунон пофишорӣ мекунад, ки Русия 70 нозирро бипазирад. Чаҳор соли пеш бар ҷараёни интихоботи Русия 400 нозири ин созмон назорат карда буданд.
XS
SM
MD
LG