Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Тоҷикистон як корманди собиқи Кумитаи амнияти миллиро барои 14 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард.

Фирдавс Зарифови 32-сола, аз афсарони собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар авбошӣ, одамкушӣ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва силоҳи оташфишон муттаҳам дониста шудааст. Додгоҳ ҳамчунин тамоми моликияти ӯро мусодира кардааст.
Фирдавс Зарифов солҳои 2000 – 2002 дар навоҳии Фархор ва Ҳамадонӣ силсилаи ҷиноёти сангин содир кардааст. Ба гуфтаи Зафар Бобиев, корманди масъули мушовараи низомии додгоҳи олӣ, маҳкумшуда аввалҳои соли 2000-ум ҳамроҳи ду нафари дигар дар ҷануби кишвар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба ҷони як сокини маҳаллӣ суиқасд карда, инчунин ба гардиши ҳаҷми зиёди маводди мухаддир ва авбошӣ машғул будааст.
Зафар Бобиев афзуд, ки ин ҷинояткор танҳо пас аз 5 соли дар пайгарди қонунӣ қарор доштанаш, дар авохири соли гузашта дар Душанбе боздошт шуд. Дар ҳамин ҳол, ду ҳамдасти дигари ӯ ҳанӯз дар соли 2002 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе зиндонӣ шуда буданд. Ба қавли оқои Бобиев, додгоҳ ҳаҷми мухаддиротеро, ки ин ҷинояткор бо ҳамраҳонаш гардиш медодааст (3480 кг), махсусан зиёд ҳисобидааст, ки ин ҳам ҳангоми таъини ҷазо ба инобат гирифта шудааст.
Ҳафтае қабл раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ба вакилони порлумони кишвар иқрор кард, ки танҳо дар соли 2007-ум шуморе аз кормандони ниҳодҳои амниятӣ бо ҷамъи 450 килограмм маводди мухаддир боздошт шудаанд ва даст доштани намояндагони ин кумита дар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ҳодисаи нодир набудааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфта буд: «Ман аз касе пинҳон намедорам: ҳамин ахиран танҳо аз кормандони КАМ то 450 кило маводди мухаддир ёфта ва мусодира шудааст, бидуни мудохилаи мақомоти додситониву милиса.. Мо бояд тоза бикунем, дар сафи ҳамаи мо ҳаст, дар тамоми мақомот ҳастанд ин гуна кормандони ношоиста ва мо талош дорем, ба истилоҳ, «захмҳои бадан»-ро пок бикунем…»
Фирдавс Зарифови маҳкумшуда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи худро танҳо қисман иқрор карда, бахше аз иттиҳомоти алайҳи ӯ эъломшуда, чун нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва маводди мухаддирро, беасос хондааст.
Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеъи ӯ қасд дорад, ҳукми содиркардаи ҳайъати мушовараи низомии Додгоҳи олӣ алайҳи Фирдавс Зарифовро дар додгоҳи таҷдиди назар ба баррасӣ кашонад.
Фирдавс Зарифов нахустин нафарест, ки аз миёни кормандони собиқи кумитаи амнияти миллӣ дар соли равон маҳкум ба зиндон шудааст. Соли 2007-ум аз сӯи додгоҳҳои кишвар дастикам ду корманди пешини ниҳодҳои амниятӣ равонаи зиндон шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG