Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиноиҳо дар Рашт неругоҳ месозанд


Ду ширкати чиноӣ - «ТБЕА» ва «Синоҳидро» барои сохтани неругоҳи барқи обии «Нуробод-1» таваҷҷуҳ ва изҳори омодагӣ кардаанд.

Ба иттилоъи вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, намояндагони ҳардуи ин ширкатҳои чиноӣ аз маҳалли тарҳи ин неругоҳ, яъне ноҳияи Нурободи водии Рашт, дидан кардаанд ва маълумоти зарурӣ дар бораи ин тарҳро ҷамъ овардаанд.

Ҳамин сарчашма гуфтааст, ки дар ҳозир дар робита ба тарҳи ин неругоҳ қарори ҳукумат омода мешавад ва баъди таҳия он ба ширкатҳои мутаваҷҷеҳи чиноӣ пешкаш карда хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар сурати ба мувофақа расидани ҷонибҳо, тахмин меравад, ки неругоҳи «Нуробод-1»-ро ширкатҳои чиноӣ по маблағи худ сохта, тайи як муддати муаяйн барои бозпасгардонии ин маблағ дар ихтиёри худ нигоҳ дорад ва пас аз он неругоҳро ба ҷониби Тоҷикистон таслим кунад.

Тибқи тарҳи «Нуробод-1», ин неругоҳ дар назар аст рӯи дарёи Хингоб сохта шавад ва он 200 мегават тавоноӣ хоҳад дошт, ки метавонад аҳолии ин минтақаро бо неруи барқ таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG