Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи қазияи рӯсарӣ дар Туркия


Тарафдорони секюлоризм (мамониъат аз дахолати дин дар умури ҷомиъа) ҳангоми гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Анқара
Тарафдорони секюлоризм (мамониъат аз дахолати дин дар умури ҷомиъа) ҳангоми гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Анқара

Порлумони Туркия барои аввалин бор масъалаи пӯшидани русарӣ дар донишгоҳҳоро баррасӣ кард.

Туркия давлати дунявист ва аз даҳҳо сол ба ин сӯ дар ин кишвар тибқи Қонуни асосӣ пӯшидани русарӣ мамнӯъ эълон шудааст.

Ҳафтаи гузашта ҳизби «Адолат ва Тараққиёт» ба раҳбарии Речеп Таййип Эрдуғон, нахуствазири Туркия, пешниҳод кард, ки дар қонун роҷеъ ба шароити истифодаи рӯсарӣ ислоҳот ворид шавад. Ин ҳизб ба он истидлол мекунад, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳо бояд ҳамаи занон аз озодиҳои шаҳрвандӣ бархӯрдор бошанд. Яъне ба назари ин ҳизб ҳоло ба сабаби манъи рӯсарӣ ҳамаи духтарон, ба вижа аз хонаводаҳои суннативу мазҳабӣ, наметавонанд дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд.
Ин ҷо дуруст ҳамон ҳолате ба ёд меояд, ки дар Тоҷикистон баръакс аст, ки Вазорати маъорифи Тоҷикистон бар хилофи ҳукумати Туркия пӯшидани рӯсарӣ дар донишгоҳҳоро манӯъ эълон кардааст. Мухолифони русарӣ дар Туркия кам нестанд. Артиш ва аксари кормандони низомҳои додгоҳиву додситонӣ ва аксари донишмандон бар ин ақидаанд, ки, агар пӯшидани рӯсарӣ дар донишгоҳҳо иҷоза дода шавад, низоми мавҷуда, яъне ҷудо будани дин аз давлат, аз байн меравад.
Дар Туркия 84 сол пеш Мустафо Камол Отатурк давлати мустақили Туркияро ташкил ва низоми дунявиро дар ин кишвар ҷорӣ намуд. Рӯзи шанбе тақрибан 125 ҳазор нафар дар назди мақбараи Отатурк бар зидди рӯсарӣ даст ба тазоҳурот заданд. Февзӣ Эркилик, яке аз ин тазоҳуркунандагон, мегӯяд: "Мо намехоҳем фарзандонамонро дар ҷумҳурии исломӣ тарбия кунем. Мехоҳем, ки онҳо дар ҷумҳурии Отатурк ба камол расанд ".
Гералд Кнаус, коршинос дар умури Аврупои ҷанубии шарқӣ ва Туркия, бар ин аст, ки ахиран дар Туркия шумораи ҷонибдорони рӯсарӣ афзоиш ёфтааст: "Ин раванд солҳои ахир қавитар мешавад, зеро ба ҳизби «Адолату Тараққиёт» муяссар шудааст шумораи ҳарчи бештари одамонро муътақид созад, ки ин кор ҳадафҳои тундравонаро дунбол намекунад. Ба ҳамин далел, онро падидаи маъмулӣ мепиндоранд ва фикр мекунанд, ки он навъе танзими масъала аст, ки то миёнаи солҳои 1990-ум касе мисли имрӯз чунин мушкилро надошт".
Ба ақидаи коршиносон, масъалаи рӯсарии занон дар соли 1980, дуруст дар ҳамон солҳое, ки шумораи бештари занон дар Туркия мехостанд дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд, матраҳ шуда буд. Он вақт дар баъзе ҳолатҳо ба чунин парвандаҳо додгоҳҳо расидагӣ мекарданд.
Баъд аз соли 1990 ин масъала шадидтар матраҳ шуд ва артиш ба раисони донишгоҳҳо фишор меовард, ки духтаронро бо рӯсарӣ ба донишгоҳ роҳ надиҳанд ё аз донишгоҳ биронанд. Духтари Эрдуғон, нахуствазири кунунии Туркия, бо назардошти манъи рӯсарӣ дар ватанаш дар хориҷ аз Туркия таҳсил кард.
Ҳоло, агар масъалаи русарӣ дар порлумони Туркия аз ҳимояти намояндагон бархӯрдор шавад, дар он сурат баррасии он рӯзи шанбе давом хоҳад кард ва роҷеъ ба он тасмим гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG