Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сешанбеи бузург"-и Амрико, яъне интихоботи пешакии ҳизбӣ ҳамзамон дар 24 аёлат таносуби нерӯи ҳарифонро на рушантар, балки ториктар кард.

Натиҷаи нисбатан ошкортари ин овоздиҳӣ тасаллути қавӣ пайдо кардани Ҷон Маккейн дар байни номзадшавандаҳои ҷумҳурихоҳ мебошад. Худи ӯ низ пирӯзӣ дар аёлатҳои калидии Колифорниё, Иллинойс ва Ню Йорк ба тарафдорони шодмонаш ба ҳайси чархише тафсир кард.

Маккейн мегӯяд, ҳарчанд ҳаргиз худро бетолеъ немҳисобид ва тавонист, аз сафи охир ба сӯи пирӯзӣ ҳаракат кунад, акнун бояд мӯътақид бошад, ки номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва муддаъии асосии номзадии перзидентист.

Пирӯзии номзадшавандаи дигари ҷумҳурихоҳон, волии собиқи Арканзас, Майк Ҳакебӣ дар панҷ аёлат низ ба суди Маккейн буд, зеро рақиби асосии ӯ, Мит Ромниро ба ақиб андохт. Аммо боз ҳам ҳарду ҳарифи Маккейн имконияти зиёд доранд, ҷойи аввалро аз дасти вай бигиранд.

То ҳоло Маккейн пуштибонии 560 вакили анҷумани ояндаи ҳизбро ба даст овардааст ва барои номзад шудан бояд ҷамъан пуштибонии наздик ба 2 ҳазор вакилро таъмин кунад.

Дар нишемани демократҳо печидагию номуайянӣ боз ҳам бештар аст. Ҳилларӣ Клинтон дар аёлатҳои сераҳолӣ, монанди Ню Йорк ва Карифорниё ғолиб омад ва шумори вакилони тарафдорашро ба 829 нафар расонд.

Таҳлилгарон мегӯянд, вай махсусан дар миёни қишри суннатии демократҳо -- синфи коргар бо ваъдаҳои хадамоти беҳтари тиббӣ, кумакҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои омӯзишу парвариш муваффақияти бештар ёфт. Ва як бахши дигари муҳими интихобкунандагон -- испанитаборони Амрико ба урдуи ӯ пайвастанд.

Дар нутқи худ пас аз поёни овоздиҳӣ хонуми Клинтон талошҳои худро бо чарбзабонӣ таъриф кард: "Мо имрӯз бо як овоз мегӯем, кӯдаконро, ки мактаб мехоҳанд, ба мо бидиҳед. Мардумонеро, ки кор кардан мехоҳанд, ба мо бидиҳед. Собиқадоронеро, ки ба парасторӣ ниёз доранд, ба мо бидиҳед. Иқтисодиётро барои бозсозӣ ва ҷангро барои хотима ба мо бидиҳед. Ин миллати мӯҳтоҷ ба табобатро ба мо бидиҳед. Ин ҷаҳонро барои пешгомӣ ба мо бидиҳед. Ин фурсати хубро ба мо бидиҳед. Ман медонам, мо тайёрем. Шукри шумо ва худо мададгор!"

Рақиби Клинтон, Барак Обама низ ҳақ дошт, хурсандӣ кунад. Вай аз хонуми Клинтон дида дар бештари аёлатҳо пирӯз гардид. Ба вижа ҷомеаҳои сиёҳпустони Амрико аз ӯ ба таври густарда пуштибонӣ карданд.

Шаби гузашта нерӯ ва ғайрати ӯ дар ҳоли афзоиш намудор мешуд. Обама шиъор мезад, ки "даври мо ҳам фаро расид, мо нерӯи ҳақиқием ва Амрикоро тағйир хоҳем дод."

Шумори умумии вакилоне, ки аз Обама пуштибонӣ кардаанд, акнун ба 750 нафар расид дар муқобили 829 вакили тарафдори хонуми Клинтон.

Аз онҳо касе номзад хоҳад шуд, ки дар анҷумани Ҳизби демократ раъйи 2025 вакилро ба худ ихтисос диҳад.

Дар моҳҳои марту апрел, интихоботҳои ибтидоӣ дар аёлатҳои муҳиме монанди Оҳайо, Тексас ва Пенсилвониё баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG