Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон кишти тарёк кам нашудааст


Дар гузориши нави дафтари СММ дар масоили маводи мухаддир ва ҷиноёт омадааст, ки тавлиди тарёк дар Афғонистон ҳамчунон мизони қавии худро ҳифз кардааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, кишти хашхош ё тарёк, ки ҷузъи таркибии ҳероин ба шумор меравад, дар соли 2008 дар ҳамон мизон боқӣ хоҳад монд ё шояд каме поинтар равад. Соли 2007 дар Афғонистон ҳосили рекордии маводи мухаддир ба даст омад. Дар гузориш ишора шудааст, ки Толибон воҳидҳои ширкатҳои парваришкунандаи тарёкро, ба вижа дар ҷануби кишвар, молиёт мебанданд ва аз ин ҳисоб ҷанг бар зидди нируҳои давлатӣ ва хориҷиро сармоягузорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG