Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрии ҳукумат идома дорад


Э. Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 феврал боз дар як қатор мақомоту муассисаҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид кард.

Чуноне, ки дар сомонаи интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, тибқи қарорҳои нав аз рӯзи 5 феврал чунин тағйироти кадрӣ сурат гирифт:

- Собиров Маҳмудҷон аз вазифаи Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод гардида, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.

- Тағоймуродов Ҳамдам аз вазифаи директори Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонии вазорати рушди иқтисод ва савдо озод карда шуда, мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

- Давлатов Ҷумъа сардори раёсати хизмати давлатии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

- Ҷобирова Саида ва Раҳмонов Соҳибназар муовинони аввали вазири тандурустии Тоҷикистон таъин гардиданд.

- Аҳмадов Ҳукматулло президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд.

XS
SM
MD
LG