Пайвандҳои дастрасӣ

Журналист дар Украина паноҳгоҳ ёфт


Барои нахустин бор як мунаққиди давлати Русия дар Украинаи ҳамсоя паноҳгоҳи сиёсӣ пайдо кард.

Хадамоти муҳоҷирати вилояти Лвови Украина эълом кард, ки ҳанӯз дар поёни соли гузашта ба як хабарнигори рус паноҳгоҳи сиёсӣ додаанд. Ин хабарнигор Александр Косвинтсев - сардабири нашрияи “Российский репортер” дар вилояти Кемерево ва ҳамзамон, раҳбари бахши Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ дар ин вилоят будааст. Ҷабҳае, ки ба он қарори маълум, Гаррӣ Каспаров, қаҳрамони пешини шоҳмоти ҷаҳон ва аз мунаққидони сарсахти давлати Владимир Путин раҳбарӣ мекунад.

Александр Косвинтсев дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, маъракаи таъқиби таҳдид алайҳи ӯ моҳи августи соли 2005 билофосила баъди раҳбари ин ҷабҳаи мухолифин дар Кемерево шудани ӯ оғоз ёфт.

“Ман аз сӯи кормандони фаъоли мақомоти интизомӣ ҳушдорҳои ҷиддӣ гирифтам. Онҳо ба ман мегуфтанд, ки эҳтиёт кун, танҳо нагард. Туро дар роҳ афроди либоси милиса дар тан манъ карда, ё лату кӯб мекунанд ва ё ба мошинат ягон халтачаи маводи мухаддирро хоҳанд партофт.”

Ба бовари Косвинтсев, як омили дигари роҳандозии ин маъракаи таҳдиду таъқиб дар баробари фаъолияти сиёсӣ кори хабарнигории ӯ ҳам будааст ва ҳанӯз то ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохтанаш ҳам ӯро мақомот барои матолибе, ки менавишт, таъқиб мекардаанд. Аммо баъди пайвастанаш ба ҷабҳаи мухолифин телефони Косвинтсевро гӯш мекарданд, ӯро ҳатто аз ҳавопаймо поин мекарданд, ки ҷое сафар карда натавонад, ва маъмурони милиса ҳама ҳаракатҳои ӯро таҳти назорат доштанд.

Александр Косвинтсев мегӯяд, ҳатто волии Кемерово Амон Тулеев шахсан ва расман аз додситони вилоят хостааст, фаъолиятҳои ӯро таҳқиқ кунанд.

“Аз номи волии Кемерово ба исми додситонаш ариза ҳаст, ки дар он рӯирост навиштаанд, ки мо фаъолиятҳои Косвинтсев ба ҳайси сардабири нашрияи “Российский репортер” ва ҳам ба ҳайси раҳбари шӯъбаи маҳаллии Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандиро ботаваҷҷӯҳ наззора дорем ва мутобиқ ба он тадбир меандешем. Ин тадбирҳо аз ҳар навъ иғвоҳо, мисли гӯш кардани телефон, пайгарди доимӣ ва амсоли ин иборат буданд. Амалан ин ҳама чунин маънӣ дошт, ки таваҷҷӯҳ ба шахси ман ангезаҳои сиёсӣ дорад.”

“Москов Таймз”, нашрияи англисизабони чопи Маскав аз қавли сухангӯи додситонии вилояти Кемерово нақл мекунад, ки ин додситонӣ номаи Амон Тулеевро ҳанӯз 2 сол пеш дарёфт карда, вале ба маҳзи набуди далоили кофӣ ҷиҳати кадом таҳқиқот алайҳи Александр Косвинтсев иқдом накардааст.

Косвинтсев феълан сардабирии нашрияи украинии «Вечерние вести»-ро бар ӯҳда дорад, ки мавзеъгириҳояш акнун дар қиболи масоили Русия ва сиёсатҳои президенти он кишвар Владимир Путин тундтар шудааст.

Ироаи ҳаққи паноҳандагӣ ба мунаққиди Кремл аз сӯи мақомоти Украина дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити феълии Киеву Маскав чандон холӣ аз мушкил нест ва ду кишвар бар сари масоили муҳиме, ба вижа гароидани Украина ба Ғарб ва талоши пайвастанаш ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ихтилофи ҷиддии назар доранд. Аммо ҳаракати хабарнигорони мунаққиди давлати Русия ба сӯи Украина, ки ҳанӯз се сол пеш аз муҳоҷирати Савик Шустер оғоз ёфта, баъди ин хабари дарёфти ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ метавонад вусъат пайдо кунад, ба назари таҳлилгарон, ҳокии дасти кам ду тамоюл ҳаст. Яке ин ки вазъи озодии баён ва озодиҳои демократӣ дар Русия дар ҳоли боз ҳам бадтар шудан аст. Ва дигар ин ки Украина акнун дар назари мухолифин аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия, ҳарчӣ бештар ҳамчун як ҷазираи озодӣ падид меояд. Нақше ки дар гузашта дар нигоҳи чунин тоифа одатан танҳо Ғарб дошт.

XS
SM
MD
LG