Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида ва талошҳои энержии Русия: Хатар ба ИМА?


Майкл Макконел, раҳбари идораи истихбороти миллии ИМА гуфт, афзоиши теъдоди сарбозони амрикоӣ дар Ироқ ҳамроҳ бо хашми мардуми маҳаллӣ ба ошубгарони бахши ироқии ал-Қоида зарбаи сахт задааст.

Дар натиҷа, сатҳи хушунат дар он кишвар коҳиш ёфтааст. Макконел гуфтааст, соли гузашта садҳо раҳбарон, фаъолони мусаллаҳ, кормандони шуъбаҳои иттилоотӣ, молӣ, таъминотӣ, мутахассисони соҳаи аслиҳа ва ҷангиёни хориҷии ин ал-Қоидаи Ироқ нобуд карда шудаанд. Ӯ гуфтааст, илова бар ин, ҳамлаҳои бераҳмона ва хунини ал-Қоида алайҳи аҳолии осоиштаи мусалмон ба обруи ин созмон ҳамчун пуштибони ифротии мусалмонон латма зад.

Аммо, гуфт Макконел, ал-Қоида барои ИМА ҳам дар дохил Амрико ва ҳам дар берун ҳамоно хатари аслӣ боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, ал-Қоида на танҳо раҳбарияти аршадашро ҳифз карда, дар ивази аъзои кушташуда ва дастгиршудааш нафарони дигарро таъин намуд, балки ин созмон тавонистааст, дар манотиқи баландкуҳи шимолу ғарби Покистон наздик ба марзи Афғонистон барои худ паноҳгоҳ таъсис диҳад.

Раҳбари идораи истихбороти миллии ИМА изҳор намуд, ки бо вуҷуди муборизаи эътилофи ИМ ва Покистон бар зидди ал-Қоида ва ошубгарони исломии дигар, соли гузашта натиҷаҳои чашмрас овардааст.


Майкл Ҳайден, раиси Идораи марказии истихбороти Амрико, яъне CIA ба Макконел изҳори ҳамфикрӣ намуда гуфт, дар ҷанг бар зидди ал-Қоида раисҷумҳури Покистон кумаки аслӣ расонд. Ӯ гуфт, Мушарраф ва мақомоти Исломобод дар ин ҷанг худро ҳамчун шарикони хуб нишон доданд, аммо таъкид бар он намуд, ки чунин вазъ танҳо дар минтақаҳои сераҳолии кишвар ором ба назар мерасид. Аммо дар минтақаҳои қабиланишини шимолуғурби кишвар вазъ тамоман дигар буд.

Дар гузориши катбиаш ба кумитаи конгрес, Макконел инчунин аз дигар таҳдидҳо зикр намуд, ки ҷомеъаи истихборотии Амрикоро ҷиддан нигарон мекунанд, аз ҷумла амнияти манобеъи энержӣ.

Макконел ҳадс мезанад, ки аъзои созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ё ОПЕК ҳамроҳ бо Русия ва Чин метавонанд манобеъи энержияшонро ҳамчун фишанг барои овардани фишор ба ИМА барои расидан ба ҳадафҳояшон истифода баранд.

Бавижа, вай ба кушишҳои Русия барои зери идораи худ даровардани шабакаи интиқоли энерҷӣ аз Осиёи Ҷанубӣ ба Аврупо ишора намуд.

XS
SM
MD
LG