Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар бештари иёлатҳо Ҷ. Маккейн аз ҷумҳурихоҳон ва Б. Обама аз демократҳо пирӯз шуданд. Аммо аз рӯи шумори вакилон Маккейн ва Ҳ. Клинтон пешсафанд.

Демократҳо:

Барак Обама дар иёлоти Ҷорҷия, Иллинойс, Делавер, Алабама, Канзас, Юта, Колорадо, Дакотаи Шимолӣ, Миннесотта ва Коннектикут пирӯзӣ ба даст овардааст. Ҳилларӣ Клинтон дар Оклаҳома, Массачусетс, Теннессӣ, Арканзас, Ню Йорк, Ню Ҷерсӣ ва Мисурӣ ғолиб шуд. Шумориши ороъ дар яке аз калонтарин иёлатҳо – Калифорния идома дорад.

Ҷумҳурихоҳон:

Пирӯзӣ дар бештари иёлатҳо насиби Ҷон Маккейн гардид. Ҷаноби Маккейн, ки бино бар ҳадси коршиносон, ҷумҳурихоҳон сари номзадии ӯ эҳтимолан қарор хоҳанд гирифт, дар иёлатҳои Коннектикут, Ню Ҷерсӣ, Делавер, Иллинойс, Ню Йорк, Оклаҳома ва Аризона ғолибият ба даст овардааст. Ғайримунтазира, Майк Ҳакебӣ дар Ҷорҷия, Алабама, Вирҷинияти Ғарбӣ ва Арканзас пирӯз шудааст. Рақиби асосии Ҷон Маккейн, Митт Ромнӣ дар Массачусетс, Юта, Ҷорҷия, Монтана ва Дакотаи Шимолӣ бештари ороъро соҳиб шудааст.

Кӣ номзад?

Бино бар охири арқом аз «Сешанбеи бузург», хонум Клинтон раъйи 166 ва Барак Обама 146 вакилро дарёфтаанд. Дар миёни ҷумҳурихоҳон ҷаноби Маккейн бо ороъи қобили мулоҳизаи вакилҳо – 269 пешсаф аст. Рақибони ҳамҳизби ӯ Ромнӣ - 67 ва Ҳакебӣ - 85 вакил доранд.

Барои номзад ба мақоми президенти Амрико шудан, демократ дар анҷумани ҳизбаш аз ҷониби 2025 вакил дастгирӣ ёбад. Ба ҷумҳурихоҳ дастгирии 1191 вакил дар анҷуман лозим аст.
XS
SM
MD
LG