Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Канада ба кишварҳои узви Нато


Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер ба президенти Фаронса Николас Саркозӣ гуфтааст, ки агар кишварҳои узви паймони Нато ба ҷануби Афғонистон нерӯи тозанафас нафиристанд, Канада ҳузураш дар манотиқи ноороми ҷануби Афғонистонро мутаваққиф хоҳад кард. Дар ин гӯшаи Афғонистон 2500 афсару сарбози Канада мустақар мебошанд.
Ҳафтаи гузашта Ҳарпер ба президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва сарвазири Британия Гордон Браун низ гуфта буд, ки агар кишварҳои узви паймони Нато ба ҷануби Афғонистон сарбозу муҳимот нафиристанд, дар моҳи феврали соли 2009-ум сарбозони Канада аз ҷануби Афғонистон берун хоҳанд шуд. Пешбинӣ мешавад, ки рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа вазирони мудофиаи кишварҳои узви Нато дар Литва вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG