Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҳиҷобпӯшии донишҷӯёнро баҳс мекунад


Имрӯз дар парламенти Туркия даври аввали овоздиҳӣ дар мавриди лағви манъи пӯшидани ҳиҷоб барои хонумҳои донишҷӯй доир мешавад. Манъи ҳиҷобпӯшии донишҷӯён даҳҳо сол пеш ҷорӣ шуда буд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, ки барои лағви муомилаи ноодилона дар нисбати занони донишҷӯй вуруди дигаргунӣ ба қонуни асосии кишвар зарур аст. Тахмин мешавад, ки ҳафтаи равон қонунгузорон пешниҳоди Эрдуғонро тасвиб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол бахши бузурги ниҳодҳои Туркияи дунявӣ мухолифи ин иқдом буда, исрор меварзанд, ки иҷозати ҳиҷобпӯшии занону духтарони донишҷӯй ҷудоии давлату динро аз байн мебарад.
XS
SM
MD
LG