Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як хонавода дар Ироқ


Мақомоти амрикоӣ ва ироқӣ мегӯянд, ки бар асари ҳамлаи низомиёни Иёлоти Муттаҳида ба манзили зист дар як мавзеъи воқеъ дар шимоли Бағдод дасти кам се кас кушта ва як тифл маҷрӯҳ шуданд. Пулиси Ироқ мегӯяд, ки зану шавҳар ва фарзанди 19-солаи онҳо шаби 4 феврал дар рахтҳои хоби худ кушта шудаанд ва аммо неруҳои амрикоӣ хабар додаанд, ки онҳо ду гумонбар дар узвияти гурӯҳи террористиро аз байн бурдаанд. Онҳо гуфтанд, ки ду мард ҳангоми муқовимат ба ҳалокат расиданд ва аммо дар мавриди он ки зану кудак чӣ гуна ҳадафи тир қарор гирифтаанд, иттилоъ надоранд.

Пулис хабар дод, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин ду духтари наврас ҷароҳат бардоштанд ва яке аз онҳо имрӯз аз олам даргузашт.

XS
SM
MD
LG